Общее·количество·просмотров·страницы

вторник, 17 января 2017 г.

Аз марг тарс дорам!

                                       Аз марг метарсам!
      Як марде назди домуллое омаду илтимос намуд то уро танҳо қабул намуда ба саволаш ҷавоб диҳад. Пас аз он ки ҳозирин берун шуданд  у  гуфт:
   - Домулло! Шумо намояндаи динед. Чунон ҷавобе диҳед, ки бароям кора кунад!
    Домулло дарк кард ки ин нафар чи саволи заруре дорад. Пас  ҷавоб гуфт:
   - Ин шо Аллоҳ ба қадри медонистаам  ҷавоб хоҳам гуфт.
   -  Ман аз марг метарсам. Аз мурдаҳо метарсам ва ҷанозаҳо намеравам. Гар ҷанозаи ягон нафари наздикам бошад ба тобут наздик намешавам. Чи кор кунам?- пурсид он мард.
    Домулло  каме хомуш монд. Сипас аз он нафар пурсид:
   - Оё дар кудаки ҳам аз ягон чи метарсидед?
   - Дар кудакиям аз баланди метарсидам, аз оббози метарсидам, аз раъду барқ метарсидам.- ҷавоб гуфт он мард.
    - Яъне шумо то ба ҳол аз баланди ва оббозию раъду барқ метарсед?- пурсид домулло.
   Он мард аз саволи додаи  домулло ҳайрон шуд вале ҷавоб гуфт:
     - Не не! Чун якчанд маротиба маро масхара карданд оббози омухта тайёр шудам ва дигар аз оббози натарсидам. Чун бо ёрии ҷураҳо аввал ба дарахти баланде баромадам, сони болои куҳе баромадам дигар аз баланди натарсидам. Чун якчанд маротиба зери раъду барқ мондам  аз раъду барқ ҳам натарсидам.
     -Яъне чун омухта тайёр шудед дигар аз он чи ки метарсидед тарсатон дур шуд? Пас ин аст ҷавоби саволи шумо!- гуфт домулло.
    - Чи? Ман нафаҳмидам? Чист ҷавоби саволи ман?- пурсид он мард.
     - Бародар! Донишҷу гар ба имтиҳон тайёр набошад- аз наздик омадани имтиҳон метарсад! Мову шумо гар ба омадани зимистон тайёр нашуда бошем, либоси гарм надошта бошем, ҳезум тайёр накарда бошем- аз омадани зимистону хунуки метарсем. Дар бахорон гар ҷуйборхоро тоза накарда бошем - аз омадани сел метарсем.
     Яъне гар ба чизе, ки  тайёр набошем албатта аз омадани он тарс дорем. Шумо ҳам ба омадани марг тайёр ки нестед метарсед.
    Ҳол  он ки баланди набарои мешавад ва бе ин ҳам умр мегузарад, дар дарёву кул оббози накуни ҳам мешавад, имсол аз имтиҳон нагузашти соли дигар шояд тайёр шуди насибат мешавад супоридан  - аммо аз чашидани Марг касеро ҷои гурез нест!
     Хоҳем нахохем як руз Малакулмавт суроғи  мо хоҳад омад. Аммо дигар барои тайёри дидан ба ин «имтиҳон» бароят фурсат нахоҳад буд! Малакулмавт чун сел ҳама он чи, ки аз пешаш баромад бо худ бубарад.
     Акнун шумо гуфтед, ки шарм дошта оббози омухтам, шарм дошта баланди баромадан омухтам ҳамин тавр не?
      Пас оё шумо аз Худованди худ шарм намедоред дар рузе, ки рузи «Саволу ҷавоб» наздаш «бо дасти холи» ҳозир хоҳед шуд ва аз ин зиндаги пурсида хоҳед шуд? Охир аз ин гурез нест ку!?
     - Пас шумо ба ман чи маслиҳат медихед?- пурсид он мард.
     - Барои омадани он марг тайёр шавед! Тоъату ибодат намуда ба «саволу ҷавоби Илоҳи» тайёри бинед! Пулу моли доштаатонро «захираи охират» намоед. Гар тайёр шудед дигар тарс аз дили шумо гум хоҳад шуд - балки бо ҷону дил онро қабул хоҳед кард!– ҷавоб гуфт домулло.
       - Тоъату ибодат маълум. Аммо оё аз ҳамин пулу моли имруз доштаам  мешавад барои охиратам  захира намудан? Охир мардум мегуянд ки ин пулу молро бо худ бурда намешавад. Домулло шумо маро масхара доред? – боз пурсид  он мард.
       -Бародар! Мо мусалмонем ва  ҷавоб ба суолҳои худ аз Қурьону аҳодиси Набави бояд дарёфт намоем- на ин ки «мардум мегуяд», «бобом гуфта буд», «фалони мегуфт ки»-ро гуш дода бовар намоем!
      Худованд худ ваъдаҳо намудааст, ки гар имруз мо ятиму  гуруснаеро сер намоем,  онҳоро либосе пушонем, масҷиде ва ё мактабу роҳе бунёд намоем- дар охират  У (ҷ.ҷ) дар Ҷаннат барои мо қасрҳое бунёд созад, ки амсолаш дар дунё нест.
    Боғҳову чашмаҳои мусаффо бароямон омода созад ки соатҳо онро васф созам кам аст! Ин аст захира охират намудан- яъне ҳар чи ки дар роҳи хайр сарф намуди он аст моли ту. На он пулу моле ки имруз дори-чун пас аз маргат он насиби дигарон хоҳад шуд!- ҷавоб гуфт домулло.
     Нафаронеро оё ёд доред, ки пулу мол сарф намуда хонаҳои бо даб даба бунёд сохтанд, моли дунё гирд оварданд- аммо насибашон нашуд роҳати он пулу молро ва иморатҳоро  дидан.
     Дар  он иморатҳои бо «хуни дил» солҳо  сохтаашон   зиндаги намоянд- ва ё баъзе якчанд рузу моҳе роҳат кардаанду он насиби дигарон гашт. Чун ин дунё «фони» аст ва марг болои онҳо омаду ин «дунё»-и обод сохтаашонро дар як замон барбод сохт.
      Аммо «дунёи боқи» фано нахоҳад шуд. Он қасрҳову боғҳову чашмаҳое, ки имруз мову шумо бо тоъату ъибодату хайру саховат ва некии намудаамон ба даст хоҳем овард дар «Қиёмат) абади насиби мо хоҳад гашт Ин шо Аллоҳ!
        Бузургони пешин мегуфтаанд ки:  
     - Ҳаргиз ин Дунёи фониро бо дуруғи абадии ин дунё (молу мулк) нахоҳам харид! Яъне пулу моли худро барои ба даст овардани охирати нек сарф хоҳам кард.
     Аммо афсус зиёди мардумони имруза дил ба ин пулу молу мансаб баста дар фикри охирати хеш нестанд. Гумонашон ин дунё барояшон абади хоҳад буд.
     Тарси шумо ҳам маълум аст, ки аз пулу моли доштаатон аст то насиби дигарон нашавад. Пас онро барои «охирати худ» сарф намуда  захира намоед. Бале ин пулу мол шуморо аз мурдан наҷот нахоҳад дод – вале бо ин пулу мол  шумо метавонед худро аз  Ҷаҳаннам наҷот диҳед!
     Имруз аз гуноҳони гузашта «тавбаи насуҳ»  намоед, тоъату ибодат намоед, хайру саховат намоед- чун шояд барои шумо «фардо» набошад! Кори имрузро ба фардо магузоред! Бузургон чи хуб моро насиҳате кардаанд ки:

Эй дода ба бад ин  умр аз нодони,
 Ту қиммати умри хеш кай медони?
Фардо, ки ба зери хок танҳо мони,
   Гуйи ки кунам тавба, вале натвони!
     Он мард аз ҷавоби дарёфтааш қонеъ шуд ва бо нийяти он ки боқии умрро дар роҳи тайёри ба «имтиҳони Илоҳи» сарф хоҳад кард аз назди домулло берун шуд.
     Домулло ба худ гуфт:
    -Ин шо Аллоҳ гар у бо ин нийяти нек ъамал намояд наҷот хоҳад ёфт!
   ))))))))))))))))))))))))))))))))))))
                                             Ъибрат:
      Абуҳурайра (р) ривоят намуда, ки Расули Худо (саллаллоҳу Алайҳи васаллам) фармудаанд:
     -«Барҳам занандаи лаззатҳоро (маргро) зиёд ёд кунед».
      Чун маълум аст, ки гар мо ёд аз он марг намоем ва донем, ки як руз не як руз он болои мо низ омаданист  албатта барои омадани он тайёри хоҳем дид. Аз дидани тобути пиру ҷавон ъибрат хохем гирифт. Гар тайёр гаштем аз марг нахоҳем тарсид.
     Аммо ибратро «оқилон» мегиранд- на беақлон. Пас «оқил» бошед –на беақл! Оқилро ҳар як рузу соати аз байн рафта, ҳар як ҳодисаи неку бади ба вуқуъ омада, ҳар як ҷанозаи хонда дарси ибратест.  
     Муъминон имон доранд ки болои майит аввалин имтиҳону суолу чавоб аз дохили қабр аст. Яъне чун майит дохили қабр карда шуд ва уро хок пушонда шуд Малоикаҳо хоҳанд омад ва суолу ҷавоб кард ки:
    - Худои ту кист? Паёмбарат  кист ва динат чист? (Ман раббука, ман динука, ман набийюк).
      Бандаи муъмини амал дошта дар ҷавоб мегуяд:
    -« Парвардигори ман Аллоҳ,  дини ман Ислом ва паёмбарам Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст».
     Аммо кофир ва ё мунофиқ дар ҷавоб мегуяд: 
     -Намедонам! Ончи мардум мегуфтанд, ман низ бепарво мегуфтам.
      Пас дар он соати мудҳиш забони ки бурро хоҳад буд? Оё нафаре, ки тамоми умри худро ба ғафлат газаронид метавонад ҷавоб гуяд? Оё нафаре, ки «гап гапи дил аст» гуфта парвое аз «бандаги» надошт метавонад ҷавоб гуяд?
    Чун моро маълум аст, ки ҳар нафаре ки ба ин суолхо ҷавоб гуфт ҳамон лаҳза аз азоби қабр наҷот ёфт. Аммо вой бар ҳоли нафароне, ки ба ин тайёри надиданду он соат забонашон лолу гунг гашт. Барои ин тоифа мардум азобу машаққати қабр то рузи «ҷазо» хоҳад буд.
     Акнун худ каме андеша намоед, ки ин соати суолу ҷавоби қабр назди Фариштагон хоҳад буд- аммо он «рузи ҷазо» суолу ҷавоб назди Холиқи Арзу Само хоҳад буд. Дар он соат ҳар як узви бадан худ аз кардаи ту, аъмоли ту шоҳиди хоҳанд дод.
    Он соат баҳонаву дуруғ  кор наояд. Он соат соатест ки қиммати он тамоми умри гузаронидаат хохад буд. Яъне дар тули умр ҳар амале ки доштем сазои онро албатта хоҳем дид!
     Пас нафароне, ки ба ин Имон доранд бояд аз ин умри 20 солу 30 солу 50 соли худ , пулу моли худ, вазифаву зури бозуи худ мағрур нагашта дар паи «ризои Худованд» бикушанд.
     Ҳазрати  Луқмон ба фарзандаш насиҳат кардаанд ки:
    -« Дунёятро ба охиратат бифурӯш- ки ҳардуро ба даст меоварӣ! Ва  охирататро ба дунё мафурӯш-ки ҳардуро аз даст медиҳӣ».
       Яъне ин дунё ва зиндагиву бандагии онро барои қиммати охиратро ба даст овардан сарф намо то аз аҳли Ҷаннат гарди. Аммо гар дунёро «ҷаннати руи замин» гуфта танҳо дар фикри кайфу сафо бепарво аз тоъату ибодат гашти  рузи ҷазо пушаймон хоҳи гашт.
       Чун маълум аст ки:
   - «Ин дунё  киштзори охират аст».    Пас барои охират кишт кун, то ҳосилашро дар охират ба даст ори, ва кушиш кун ба корҳои беҳуда ва зироъате ки ҳосил намедиҳад машғул машави».
        Ҳазрати   Али  (Аллоҳ аз у рози бод) мефармояд:
    - «Дунё дар ҳолати дуршудан  ва охират дар холи наздик шудан аст ва ҳар кадом аз ин ду фарзандоне доранд. Пас  шумо аз фарзандони охират бошед ва аз фанзандони дунё мабошед! Зеро  ки имрӯз амал ҳаст ва ҳисобе нест ва фардо ҳисоб аст ва амале нахоҳад буд».
      Расули Акрам (дуъову дуруд ба убод) мефармоянд:
     -«Ҳар гоҳ инсон бимирад, амалаш қатъ мегардад, магар аз се чиз: садақаи ҷория ё илме, ки аз он истифода шавад ва ё фарзанди неке, ки барояш дуо кунад».        (Ривояти Муслим).
     Пас зиндагии дунё арзише надорад, ки инсон ҳамаи чизи худро сарфи он кунад. Инсони оқил касест, ки аз вақту имконоте, ки дар ихтиёр дорад, барои обод кардани охират истифода кунад ва бидонад, ки зиндагии ҳақиқӣ - зиндагии охират аст.
    Моро мебояд шавқу рағбат ба анҷоми тоъот ва ҳирс бар он, ба хотири подош ва савобе, ки дар пай дорад. Тарс аз гуноҳу  палидихо ва дур  шудан аз чунин аъмоли нангин аз тарси он рӯз мебояд.
      Вақте,  ки инсон имон дошта бошад, ки Аллоҳи мутаъол махлуқотро пас аз мурданашон зинда мекунад ва аз ҳар хубу бади онон  ҳисобот мегирад ва интиқоми мазлумро мегирад, ҳатто аз ҳайвон, ҳатман ба роҳ меояд ва ба тоъати Аллоҳ машғул мешавад.
    Бинобар ин ҳатто дар ин дунё  решаи шарру фасод аз байн меравад ва хайру некӣ бар ҷомеъа ҳоким мешавад ва фазилату итминон ва оромиш ҳама ҷоро фаро мегирад.

            
      Дар   «Саҳеҳи Бухори», ҳазрати Абӯҳурайра Давсий(Аллоҳ аз у рози бод) ривоят кардааст, ки Расули бузургворамон (дуъову дуруд ба у бод) дар тавсифи як саҳна аз рӯзи ҳашр (Маҳшар) мефармоянд:
       -«Пас аз он ки  Аллоҳи Мутаъол аз қазовати байни бандагон дар ҳоле фориғ мешавад, ки фақат яке аз бандагонаш байни биҳишту дӯзах билотаклиф мондааст. Ва  ӯ охирин фарди дӯзахист , ки бо Раҳмати Илоҳи   вориди биҳишт мешавад.
     Ӯ ки чеҳрааш ба сӯи Дузах аст, мегӯяд:
     -Парвардигоро! Чеҳраамро аз дӯзах баргардон, зеро вазиши ҳавои оташи он ҳоламро ба ҳам мезанад ва шӯълаҳои оташинаш маро месӯзонад. Аллоҳи Мутаъол мефармояд:
   -Агар ин хостаатро бароварда созам, чизи дигаре намехоҳӣ? Мегӯяд:
   -Савганд ба Иззатат, ки намехоҳам! Ва чандин аҳду паймони дигаре мебандад.
      Аллоҳи Мутаъол чеҳраашро аз ҷониби дӯзах бармегардонад. Вақте чеҳрааш ба сӯи биҳишт мешавад ва шодобии онро мебинад, ибтидо андаке сукут мекунад, сипас мегӯяд: :
    -«Парвардигоро! Маро наздик ба дарвозаи биҳишт бибар! Аллоҳи Мутаъол ба ӯ мегӯяд:
    -Магар ту аҳду паймон набастӣ, ки дигар чизе нахоҳӣ?  У мегӯяд:
     -Парвардигоро! Маро шақитарин бандаат магардон! Аллоҳи Мутаъол мефармояд:
    -Агар ин хостаатро низ бароварда созам, чизи дигаре намехоҳӣ? Мегӯяд:
    -Савганд ба иззати Ту, ки дигар чизе намехоҳам!
      Аллоҳ ӯро наздики дарвозаи биҳишт мебарад. Вақте чашмаш ба зебоиҳо ва шодобиҳои биҳишт меафтад, лаҳзае сукут мекунад, сипас мегӯяд:
    -Бори Илоҳо! Маро вориди биҳишт гардон.    Аллоҳи Мутаъол мефармояд:
     -Вой бар ту эй фарзанди Одам, чӣ қадар аҳдшикан ҳастӣ! Магар ту бо ман он ҳама аҳду паймон набасти, ки чизи дигаре нахохи?.  мегуяд:
     -Парвардигоро! Маро шақитарини (бадбахт) бандагонат магардон!
      Аллоҳи Мутаъол ба ин рафтори бандааш механдад. Сипас ба у иҷоза медиҳад, ки вориди биҳишт шавад ва мефармояд:
     -Акнун ҳар чи орзу  дори, бихоҳ! Пас у он қадар металабад, ки орзуҳояш ба поён мерасад. Аллоҳи Азза ва Ҷалла ба ёдаш меандозад, ки чунину чунон бихоҳ, то ин, ки ин орзуҳо низ ба поён мерасад. Ҳақ таъоло мефармояд:    
   -Ду баробари он чи хости ба ту иноят фармудам».
      Ва дар ривояти АбуСаъиди Хузри (р) омадааст, ки ман худам шунидам, ки Он Ҳазрат (дуъову дуруд ба у бод) фармуд:
     - Аллоҳи Мутаъол фармуданд:  -« барои ту он чи ки хости ва ба даҳ боробари он».
      Пас бародарону хоҳарони Имони аз ин ҳадиси муборак мову шумо бояд ъибрат бигирем, ки Худованд пасттарини бандагонашро аз Ҷаҳаннам дур намуд ва дар Ҷаннат чи неъматҳое ато намуд.
    Акнун гар шумо аҳли тоъату ъибодат ва хайру саховат бошед танҳо Аллоҳ донад чи неъматҳои Бузурге бароятон  ато хоҳад кард! Барои хамин дар паи «ризои Аллоҳ» мебояд кушид.
     Имруз гар аз нафаре ба ивази як коре як ваъдае бигирем (ҳатто агар дуруғ ҳам гуяд) аз паи амали кардани он дар ҳаракат мегардем. Аммо замоне, ки мо Имон дорем ба ваъдаҳои Илоҳи магар месазад аз тоъату ъибодат ва хайру саховат дур будан?
    Гар Имон дорем, ташнаи Ҷаннати пурнозу неъматем -албатта бояд дар тоъату ъибодат ва хайру саховат бикушем то Аллоҳ аз мо рози бошад. Ва илло Ҷаннат ҳаст- ва аммо Ҷаҳаннам ҳам ҳаст! Пас Ҷаҳаннам мунтазири беТоъатону мунофиқону кофарон интизор аст!
     Имрузу ин соатҳоро ғанимат шуморему дар паи тоъату ъибодат бикушем-чун гумон аст умри мову шуморо чанд рузу соат боқи бошад ё хайр!

      Худованд мову шуморо рузи Ҷазо аз некбахтон гардонад- бадбахтон  не!

среда, 11 января 2017 г.

Хар чи ояд бар сари фарзанди одам бигзарад.



                                           «Ҳар неку баде ки ояд бигзарад»!
      Марди чупоне вакти нисфирузи писарашро гузошта барои хуроки нисфирузи хост ба деҳа равад. У бо такя ба асояш аз болои талу теппа парон парон суи деҳа равон гашт. Ин замон  чашми у ба марде расид ки аҳволаш ба у аҷиб намуд:
     -Он мард мошини гаронбаҳояшро ба суи тепа ба роҳҳое ки мошин ба он рафта наметавонист ронду боздошт ва назди санги бузурге фаромада нишаст. Сипас у бо овози баланд ба гиря даромад. Овози у торафт баланд мешуду паст не.
   Пас чупон ба суи у рафт ва чун наздаш расид даст ба китфи у монд ва пурсид:
   - Эй бародар! Туро чи шудааст? Ман метавонам ба ту ёри расонам?
     Он мард чун чупонро бидид гиряаш зиёдтар шуд. Аммо пас аз лаҳзае шояд шарм дошту каме хомуш шуд. У аз дасти чупон гирифту ба суи он санги бузург бурд ва ба навиштае ишора кард ки навишта шуда буд:
     -ҲАМА АҲВОЛ  ГУЗАРАНДА АСТ – ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД!
    Чупон чизе нафаҳмиду аз он мард пурсид:
     - Хайр мегузарад баъд чи? Ин аст сабаби гиряи ту?
   Он мард чупонро бо ишора даъват кард то нишинад. Сипас у гуфт:
     - Инро ман худ дар ҷавониам навишта будам. Солҳое ки навҷавон будам бо ду додару як хоҳар аз падару модар ятим мондем. Болои ин солҳои пас аз ҷанги шаҳрванди буду на кор буд на ғизое доштем.
     Чун писари калони хона будам «нангу номус» карда  чупониро пеша кардам. Аз деҳа ҳар ки гову гусфанду бузе, ки доштанд ба ман доданду ман онҳоро болои ин куҳу теппа мечаронидам. Ба ивазаш яке пули ночизе медод, дигари нон ва ё ягон хурока.
     Додаронамро  ҳам бо худ гирифтам ва бо навбат подабони мекардем. Яке подабони мекардем-дигари аз ин гирду атроф ҳезум ғун медоштем. Як хар ҳам аз раҳмати падар монда буд бо он ҳезумро ба деҳа бурда то ба зимистон ҷамъ мекардем. Зимистон он ҳезумхоро мефурухтему зимистонро мегузаронидем.
     На мактаб буду на хондан. Рузҳое мешуд ки борону жола мезад –аммо мову додаронам акнун гуиё таъсири  на хунукиву на вазниниро намефаҳмидем. Аниқтараш ман худро чунон вонамуд намекардам то додаронам ҳам тоқат кунанду гурехта нараванд.
    Дар асл мо зиёд хунук мехурдем, баъзан гурусна будем, жола сару руи моро зада дарди сахте ҳис мекардем. Аммо тоқат мекардем. Шабу руз намоз мехондем, ҳама лаҳзаҳо дар забон «зикри Худованд» мекардем ва ин бароям мадад намуд.
     Ҳамин  ёди Худо буд, ки ба ҳама сахтиҳо тоқат кардам ва даст ба худкуши назадам. Чун ҳамсолонам ва аҳли деха маро «Кусса» «Чупонбачча» «Харсавор» гуфта масхара мекарданд. Бо ман ҳатто салом намекарданд, дар маъракаҳо наздам наменишастанд.
      Баъзан як китоберо ки пеш раҳмати падар мехонд бо худ мегирифтам ва онро мутолеа мекардам. Дар яке аз қиссаҳо хонда будам, ки яке аз  Бузургон гар хурсанди ва ё  сахтиву вазниние, мусибату шикасте болояш меомад ба ангуштаринаш нигариста мехонд ки дар он навишта шуда буд:
     - ҲАМА АҲВОЛ  ГУЗАРАНДА АСТ – ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД!
    Пас ман ҳам дарк кардам, ки болои бузургон  сахтиву мусибату имтихон буд –пас ман ки бандаи оддиям болои ман ҳам омада мегузарад Ин шо Аллоҳ.
      Як руз як мошини борбаре аз роҳ як тараф шуда ин су омад. Ду нафар аз болои мошин чизе фароварда рафтанд.  Наздик равам партовҳои сохтмони амсоли хоку хиштпораҳо ва қуттиҳои рангу шёткаҳо. Як шёткаро гирифта аз қутие каме  ранг (краска)  ёфтам ва ба ин санг ман ҳам навиштам:
      - ҲАМА АҲВОЛ  ГУЗАРАНДА АСТ – ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД!
      Пас аз якчанд соли подабони каме маблағ ғун дошта будам. Акнун ҳар ду додарро ба подабони машғул кардаму худ чиптаи поезд гирифта ба Руссия сафар кардам. Танҳо бе ҳамроҳон. «Намози ҳоҷат» хондаму дуъо карда аз Худованд кушоиш талабидам ва ба роҳ баромадам.
     Дар Русия дар бозор аввал роҳруб шуда кор мекардам. Чун кори хуб доштам  ва поквиҷдон будам як марди Турке маро ба дуконаш аввал мардикор гирифт ва сипас савдогарам гузошт. Дар як вақт ҳам бор мефуровардам ва ҳам савдо мекардам.
    Албатта он соҳиби дукон бароям маоши ҳар ду корро медод. Чун у фаҳмид ки шабона боз хоб накарда аз мошинҳо бор мефарорам дилаш ба ман сухт. У як дукони калонеашро ба ман доду гуфт:
    - Аз ин пас ин дукони туст. Аммо албатта либосу пойафзолҳоро аз ман гирифта мефурушию халос. Гар хиёнат накарди оҳиста оҳиста ин дуконро худат ҷавобгар хоҳи шуд.
    Аз он пас маблаги хубе ба даст меовардам. Он мард ба қавлаш вафо кард ва он дуконро бароям ҳадя кард. У рузҳои холи бароям роҳи тиҷоратро меомухт. Ҳатто  як ду маротиба ба Туркия маро бурда тиҷорат намуданро омухт.
     Додари калониамро ба наздам ба Маскав овардам. Акнун баъзан ман ба Туркияву Хитой мерафтаму у савдо мекард. Худованд бароям неъматҳои бузурге ато намуд. Он марди турк «дасти ба хайр» дошт ва маро ҳам меомухт то ба хонаҳои ятимакон, пиронсолону муҳтоҷон хайр кунам.
     Рузҳои холи у Қурьон мехонд ва маро ҳам меомухт, дар масҷидҳо намозҳоро адо менамудем. Баъзан аз деҳаамону гирду атрофи он шиносону ҳамдеҳагон ба ҷустуҷуи кор меомаданд ва ман ба онҳо кор меёфтам ва то дастам мерасид кумак мекардам.
     Акнун  дар деҳаву ноҳия  НОМУ НАСАБамро  ном гирифта ба ман муроҷиат менамуданд. Он бою молдороне, ки маро масхара мекарданд акнун маро ба тую маъракаҳояшон даъват менамуданд, болонишинам мекарданд.
     Чун бори аввал ба Ватан барои оила барпо намудан омада будам-касе бароям духтарашро намедод. Он маротиба гуиё қаҳр карда зан нагирифта ба Маскав баргаштам. Аммо ин маротиба чун пулу молдор шудам, хонаи хубе сохтам, мошини беҳтарин харидам ҳама тайёр буданд маро домод гиранд.
    Аммо ман тибқи насиҳати он бародари турк як духтари боТақвоеро ки у ҳам ятим калон шуда буд интихоб намудам. Барои бародаронам ҳам духтари якеи бойҳои маҳаламонро ва дигаре хешамонро хостгори намудам.
    Хулас Худованд пулу молдорамон кард ва миёни он мардум иззату эҳтироми хоссе пайдо намудем. Ҳатто  барои хостгории ягона хоҳарам ҳама руза якчанд хостгор меомадаги шуд. Хоҳарам худ якеро розиги доду уро ҳам хонадор намудем.
    Тиҷоратам ҳам руз ба руз хубтар мешуд ва боз ду дукони дигар ҳам харидам. Беҳтарин насиҳатгар бароям он марди турк буд. Аммо у як руз наздам барои хайру хуш омад. У гуфт ки пир шудаасту мехоҳад дар ватанаш даври пири гузаронад.
    Ҷудои  аз он бародар бароям мушкил буд. Ман ҳам ба ватан баргашта як муддат гуиё истироҳат кардам. Бо фарзандонам ки он замон як духтару ду  писар буд ҳама руз тамошои шаҳр мегаштем.
     Ана дар ҳамон шабу руз дар як маъракаи раисе маро бо зораву тавалло «руи хотири ман» гуфта аввалин маротиба арақ  доданд. Рости худам ҳам зиёд гунаҳкор будам. Чун бою бадавлат гаштам ба худ дустони бою вазифадор интихоб намудам. Якум маротиба ки нушидам- дигар дуюму сеюм ҳам омад.
     Оҳиста оҳиста аз намоз дур шудам, як сағерахонаеро хурду хурок бурда хайр мекардам ин ъамалро тарк намудам. Он дустони бадфеъл сабаби дар ман пайдо шудани аъмоли бад шуданд. Онҳо аз «роҳи Аллоҳ» маро дур карда ба роҳи Шайтони мебурданд.
    Насиҳатҳои бади онҳо буд ки ман ҳам сангдил гашта дигар нафароне ки пушти дарам барои ҳоҷате, қарзе меомаданд зада пеш мекардам. Як руз муйсафеде ки бо раҳмати падарам дусти дошт ба хонаам омад.
    У базур нафас мекашиду ҳатто хуроке ки барояш оварданд хурда натавонист. Аммо маълум буд ки у сахт бемор аст. Аз ман илтимос кард ки:
    - Баччам! Писарам ҳамсоли ту буд вафот кард. Занаш кудаконро партофта рафт. Чаҳор сағера ба уҳдаи ман аст. Ту имруз пулу мол дори. Ҳамин  набераи калонамро бо худ бубар барака ёби! Чи пуле ки сарф мекуни аз маошаш бигир.
     Аммо ман баҳона кардам ва дуруғ ҳам гуфтам, ки худам бекорам, дуконҳояма аренда додам. Дар асл чи қуввае ҳам буд ки бароям ин дуруғҳоро мехонд. Ҳатто  ба он муйсафед пешниҳод накардам ки то хонааш уро бо мошинам бубарам.
    Муйсафед чизе ғур ғур кунон баромада рафт. Ин замон занам, ки суханонамро мешунид наздам омад. У ашк мерехт:
    - Дадош! Кори хуб накардед ки ин муйсафеда ноумед гусел кардед. Равед уро гардонеду сабаби ҳоҷаташро баровардан шавед. Дуъои хайри уро гиред-чун у «мазлум»  аст. Дуъои мазлум назди Худованд рад нахоҳад шуд.
     Аммо Шайтони лаъин бар ман ғолиб омада буду ба суи занам дод гуфта аз хона баромадам. Худи ҳамон руз чипта гирифта ба Маскав паридам. Он ҷой он ъамали пасти худ арақхуриро идома додам. Ҳатто  рузҳову ҳафтаҳо паси ҳам арақ мехурдам ва парвои дунё надоштам.
        ХУДОВАНДРО КИ ФАРОМУШ КАРДАМ- ПАС ХУДОВАНД ҲАМ МАРО ФАРОМУШ КАРД.
     Он баракоте, ки Худованд бароям ато намуда буд дар як замон кам шуд. Як руз як савдогари дуконам хона омаду гуфт ки дар бозор сухтор шуду анбори ман сухта хокистар шуд. Зуд ба бозор рафтам-аммо чи фоида!
    Ба пули калон боре ки оварда будем пурра сухта хокистар шуда буд. Як дукони калоне ки доштам он ҳам сухта хокистар шуд. Ҳамон  ҳафта як дукони калони дигарро савдо карда харидам ва худ ба Туркия барои либосҳои нав рафтам.
    Дар ватан бошад ягона духтарам аз чизе тарсида кару гунг шуда буд. Аммо ман дар Туркия аз ин бехабар. Чун бор овардам ин хабарро шунида зуд ба ватан баргаштам. Духтарамро назди беҳтарин духтурон бурдам-гуфтанд ки ин касали «духтури» нест, дуъохони намоям.
    Беҳтарин домуллоҳоро оварда уро хонондам. Каме ба худ омад ва сухан мегуфт. Аз ин хурсанд шуда маъракае кардам. Аммо боз ҳамон дустони «бад» дар он маърака арақ оварданду паноҳи хурда маст шудем. «Руи хотир»-и онҳоро кардаму ҳарромкардаҳо хурдам ва аз фармудаи Худованд дур шудам.
     Ба ҷои шукронаи Аллоҳ кардан барои он неъматҳояш –«куфрони неъмат» кардам. Замоне, ки фақиру нотавон будам шабу руз ёди Худованд доштам- аммо ин замон ки Худованд бароям молу мулку неъматҳо ато фармуд аз ёди У дур гаштам.
    Он бегоҳи писари калониам мошини маро гирифта ба садамае афтод. Чун маст будам боз натавонистанд ба ман инро гуянд. Рузи дигар ба беморхона равам писарам дар ҳолати «кома» беҳушу ёд хоб буд.
    Қариб  як моҳ писарам дар ин ҳол бистари гашт. Танҳо пас аз 26 руз у ба худ омад. Аммо пас аз якчанд руз чун гумон доштам у шифо меёбад аз беморхона занг заданд ки аҳволаш вазнин шудааст. Ба беморхона намедонам чи тавр расидам- аммо аллакай фарзандам вафот карда буд.
     Ноилоҷ  писарамро гурондаму ба мотам нишастам. Бовар кунед қариб ҳар руз сари қабраш мерафтаму мегиристам- аммо дар асл ақлам намегирифт ки тавба кунаму руй ба тоъату ъибодат орам.
    Чун Шайтон дар пусту устухонам ҷой гирифта буду пеши аъмоли хайр намуданро бароям гуиё баста буд. Аммо шикаст болои шикаст, мусибат болои мусибат бароям меомад.
     Он сол бозори Черкисро бастанд ва он пуле ки барои дуконҳо сарф карда будем гуиё ба ҳаво партофта бошем. Ҳарчанд  каме захира доштам-аммо ин зарбаи сахте бароям буд. Аз фикру хаёли зиёд соле пас худам бемор гаштам.
     Дар беморхонаи Маскав маро  «бемории меъда ва ҷигар» анализ гузоштанду бароям қариб ки тамоми хуроку нушокаро парҳез фармуданд. Акнун аз он ҳама кардаҳои худ пушаймон шуда будам. Чун он арақи «ҳарому палид»  сабаби ин бемории ман гашта будааст.
      Он чи ки Худованд маро манъ кард бепарво хурдаму нушидам- аммо чун аввалин маротиба духтурон парҳез фармуданд маҷбур аз он дури ҷустам. Аз он пас тавба кардам ва руй ба тоъату ъибодат овардам. Аз  пулу моли доштаам хайр ҳам мекардаги шудам.
    Баъзан дастархон мекушоянду тамоми нушу неъмат ба он мегузоранд- аммо ман бо ҳасрат ба нушу неъмат менигараму наметавонам чизе нушам ва ё бихурам. Ин аст сазои ман- ин аст сазои дур шудан аз итоати Худованд.
    Акнун ки шумо маро дар ин ҷой  мебинед маро ба ёдам ин навиштаам омаду ҳангоми аз ин роҳ гузаштан ёди он замонҳои сахту вазнини ҳаётамро мекардам. Дар ҳақиқат  -ҲАМА АҲВОЛ  ГУЗАРАНДА АСТ – ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД ва Худованд маро дарси ъибрате дод.
    Дар асл Худованд ин қадар соле, ки ҳатто аз ёди у ғофил гаштам маро неъмат ато мекард- мани аблаҳ ва ношукр бошам руз ба руз ба роҳи Шайтон мерафтам. Беҳуда нагуфтаанд ки:
      -« Худованд дергиру сахтгир аст».
     Якчанд мусибате, ки ба сарам омаду танҳо пас аз он ба худ омадам. Танҳо пас аз аз даст додани фарзанд ва як қисми пулу мол дубора тавба карда аз роҳи Шайтон дур шудам. Ҳоло  бошад мехоҳам боқимондаи ин умрро дар тоъату ибодат гузаронам.
     Имсол нийяти Ҳаҷҷ дорам ва занамро мехоҳам бо худ бубарам. Аз пулу моли доштаам закоти мол додам, ба якчанд хонаи ятимакон хайр кардам. Писари хурдии худро акнун мехоҳам тарбияи дини диҳам.
     Марди чупон ин ҳамаро мешуниду  ҳамрохи он мард ашк мерехт. У то ба охир нақли он мардро гуш доду уро таскин медод. Сипас у худ нақл кард ки:
     - Додар! Ман ҳам он солҳое, ки ту нақл карди яке аз бойҳои ин гирду атроф будам. Шояд номи маро шунида боши?Аз пулу мол маст гашта ру ба қимор овардам. Рости дар аввал зиёд бурд мекардам ва аз ин хурсанд ҳам будам.
     Аммо якчанд сол пеш дар як шаб ҳама дороиямро бой додам. Ҳатто  хонаву мошинамро гузошта бози кардам ва онро ҳам бой додам. Ҳоло  ғайри як хонаи нимсохтае, ки як замон харида будам дигар чизе надорам.
      Танҳо пас аз он ки дубора бози карда қарздор гаштам пушаймон гашта тавба кардам. Фарзандонам қарзамро бо чупониву мардикори адо намуданду маро бо худ гирифтанд то дубора даст ба қимор назанам.
     Аммо чун он солҳое, ки пулу мол доштам кибру ғурур накарда миёни мардуми одди мегаштам – имруз аз ин аҳволи худ шарм намедорам. Дар миёни мардуми одди мегаштам, бо онҳо дусти мекардам- ва оқибат чун онҳо шудам. Аз ин аҳволи доштаам ҳам Худоро шукр мегуям-чун аз ин бад накунад.
     «Худованд дод- Худованд гирифт». Аммо афсус, ки бо чунин роҳ дар роҳи Шайтони  он пулу молро аз даст додам. Дар ҳақиқат «ҲАМАИ ИН МЕГУЗАРАД»!  Ба ин навиштаи ту ман ҳам розиям.
)))))))))))))))))))))))))))))))))
                ъИбрат:
      Аллоҳи Мутаъол (ҷ.ҷ)  дар каломи поки худ мефармояд:
      -«Некӣ он нест, ки танхо рӯи худро ба ҷониби Машриқу Мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад.
    Ва моли худро ба он (миқдор) ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон (асирон) бубахшед. Ва намоз бигзореду закот бидиҳед. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар бенавоиву беморӣ ва ба ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд». (Сураи Бакара: 177)
    Дар асл қиссаи боло панду андарзест бар ҳар яки мо бандагони Худованд. Чун Худованд ҳеч як бандаашро бе ризқу рузи ва бе насиб намемонад. Ҳатто  пулу молу дорои ва вазифаҳоеро бар мо насиб мекунад ва моро бо ҳар роҳ месанҷад.
    Гар дар ъамал бо тоъату ъибодат ва хайру саховат шукрони У-ро намоем он неъматҳоро афзун намояд ва илло барьакс намудем рузе чун он мард пушаймон хоҳем гашт. Чун Худованд пулу мол диҳад, ризқу рузи диҳад, вазифаву обу руй диҳад- аммо барои ин ҳама боз дигар неъматҳоро мебояд.
     Неъмати «тенҷиву амони», «баракот», «сиҳативу саломати», «хушу хурсанди», «неъмати фарзанд» низ танҳо аз ҷониби Худованд аст. Он бандагоне, ки дар ъамал аҳли «шукр» бошанд ба ин неъматҳо ҳам аз ҷониби Худованд бонасиб хоҳанд гашт.
    Худ бубинед, ки он мард соҳиби пулу мол гашт ва гумонаш ҳамин пулу мол кифоя аст ва  сабаби хушу хурсанди ва обу руй мегардад. Аммо  аз беҳтарин неъматҳо яку як бора маҳрум гашт ва оқибат пушаймон гашт.
     Сабаби ҳамаи ин дур шудан аз фармудаҳои Худованди ва бахиливу мумсикист!
            Паёмбари Худо(дуъову дуруд ба у бод) фармуд: 
    -«Бидонед, ки ҳар кас мусулмони фақиреро ночиз шуморад, ҳаққи Худоро ночиз шуморидааст ва Худованд дар рузи қиёмат уро ночиз мегардонад, магар ин ки тавба кунад».
   Ва низ дар давом он Ҳазрат (дуъову дуруд ба у бод)   фармудаанд:
    -«Ҳар кас мусулмони фақиреро гироми бидорад, дар рўзи қиёмат дар ҳоле Худоро дидор мекунад, ки аз ў рози  аст».
     Он мард ва зиёди мардумон дар аввалин фурсат аз имтиҳони Илоҳи намегузаранд ва оқибати кор пушаймон мегарданд. Чун соате ки нафаре бо ҳоҷату мушкиле наздашон оянд Шайтон ҷавлон мезанад ва намегузорад онҳо аъмоли хайре анҷом диҳанд ва Ризои Худовандро ба даст оранд.
    Аммо гар бар мазлуме хайре намоем ва дуъои хайри уро бигирем Ин шо Аллоҳ баракоти  азимеро бонасиб хоҳем гашт. Чун ваъдаи Худованд аст ки дуъои мазлумонро қабул хоҳад кард.
           Худованд дар Каломаш мо бандагонро огоҳ месозад, ки:
       Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии Ман накунед».   (Сураи Бақара,ояти 152
      Он бандае, ки Худовандро ёд кунад албатта аз неъматҳои додааш кам бошад ва ё зиёд албатта шукри беандоза хоҳад кард. Шукронаи бо забону бо ъамалҳо. Шукр ин танҳо бо забон гуфтан нест- балки дар ъамал хайру саховат доштан, ҳоҷати бародару хоҳареро баровардан аст, роҳеро обод кардан аст, мактабу мадрасае сохтан аст.
     Чун ношукри накард Худованд он неъматҳои додаашро барои чунин бандагони «шокир» зиёд хоҳад кард. Ба дурусти ки хама неъматҳо аз ҷониби Худованд аст- пас он насиби бандагоне хоҳад шуд ки Худованд аз аъмоли онҳо рози бошад.
     Аммо он бандагоне, ки аз додаҳои Илоҳи шукр намегуянд-балки ношукри менамоянд  Худованд худ дар ин дунёву охират ваъидҳои сахтеро барояшон ёдрас кардааст. Афсус зиёди бандагон дар охирин  фурсат замоне, ки болояшон сахтиву мушкили ва ё шикасту мусибате ояд инро дарк менамоянд.
     Дар  давоми ҳамон сураи Бақара дар ояи 155-ум Худованд моро дигарбора ёдрас менамояд ки:
      Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ».
       Пас бародарону хоҳарони Имони! Дар ъамал (бо тоъату ъибодат ва хайру саховат) шукронаи неъматҳои додаи Илоҳи намоед ва ношукр банда нагардед. Ҳар  як неъмати Илоҳиро ки истифода мебаред дар соату лаҳзаҳои сиҳативу саломати, сериву пурри, тенҷиву амони зиёдтар бо ъамал Шукронаи Аллоҳро намоед.
      Чунки Аллоҳ сифати Раҳмониву Раҳими дорад- аммо сифати Қаҳҳори ҳам дорад. У бар ҳама бандагонаш Меҳрубон аст ва неъматҳояшро бар онон ато мефармояд. Гар Худованд  болои кадоме аз бандагон қахру ғазаб намуд- пас  вой бар ҳоли у.
    Он бандагоне, ки аз неъматҳои Худованди ҳама рузу соат истифода мебаранду аз ёди Худованд ғофил гаштаанд рузе Худованд болояшон ғазаб хоҳад кард. Аммо он рузу соатҳо танҳо соати пушаймонисту бас.
       Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (дуъову дуруб  ба у бод) фармудаанд: Худованди  Мутаъол  рузи киёмат мефармояд:
          -Эй фарзанди одам! Ман бемор шудам, ту манро хабар нагирифти. Банда гуяд: Худовандо! Ман туро чи гуна хабар мегирифтам, ҳол он, ки Ту Парвардигори чаҳониёни.  Худованд гуяд: Ое надонисти, ки фалон бандаи ман бемор шуд? Агар ту уро хабар мегирифти дар онҷо ба раҳмати Ман сазовор мешуди. Худованд мегуяд:
      -Эй фарзанди Одам! Ман аз ту хурок хостам, ту манро хурок надоди. Банда мегуяд: Худовандо! Ман Туро чи гуна хурок медодам, хол он, ки Парвардигори ҷаҳониёни. Худованд гуяд: Ое надонисти, ки фалон бандаи Ман аз ту хурок хост? Агар ту уро хурок медоди, ҳозир аҷри уро аз Ман мегирифти. Худованд мегуяд:
    - Эй фарзанди Одам! Ман аз ту об хостам, ту Манро об надоди. Банда мегуяд: Худовандо! Чи гуна ман туро об медодам, хол он, ки Ту Парвардигори ҷаҳониёни. Худованд мегуяд: Фалон бандаи ман аз ту об хост, пас ту уро об нанушонди. Агар ту ба у об менушонди, ҳозир аҷри онро мегирифти.
          Он қиссаи воқеъи ки дар боло ёд овардем болои ҳама бандагони ношукр омаданист. Пас дар ҳоли тенҷиву амони, молдориву вазифадори ношукр банда нагардеду аз тоъату ъибодат ва хайру саховати Холисан ЛиЛЛоҳ фаромуш насозед!

                    Дарси ъибрат гиред аз ин қиссаи поин:
        Замоне подшоҳи як мамлакат дар байни роҳи одамгузар, ки сӯйи қасраш мебурд, санги калонеро мемонад. Худи подшоҳ дар канори роҳ пинҳон шуда, сайри воқеаро тамошо мекунад. Тоҷирон, корвонҳо, бойҳою ходимони қаср аз он роҳ бо душворӣ сангро давр зада мегузаштанд.
     Ва ҳар як роҳгузар ба ҳамдигар подшоҳро айб карда мегуфт, ки ин ҳоли ҳазратро бин, ки андозҳои зиёдро аз мо меситонаду аммо як шаҳрашро тоза нигоҳ дошта наметавонад. Баъдан як деҳқоне, ки ҳаррӯз ба қаср меваву сабзавот меовард, аз он роҳ мегузарад.
     Ӯ барои нафас рост кардан каме дар назди санг дам гирифт. Борашро аз китф фароварда, бо ду дасташ сангро бо душвории зиёд аз ҷояш ҷунбонида ба канор партофт. Вақте хост борашро боз ба китфаш монда роҳашро давом диҳад, дар ҷойи санг як кӯзаеро пур аз тилло бо хате пайдо мекунад. Дар он навишта шуда буд:
     -«Ин кузаи тилло азони шахсест, ки сангро аз роҳ мебардорад».
        Худованд ба ивази аъмоли хайри мо аз ин кузаи тилло зиёдтару авлотар неъматҳое дар давоми умр моро  ато хоҳад кард, ки мо зиёд ниёз ба он дорем- пас мову шумо ба фармудаҳои У ва Паёмбараш (дуъову дуруд ба у бод) ъамал намоем Ин Шо Аллоҳ ба он неъматҳо бонасиб хоҳем шуд!
        Ва илло барьакс ъамал намудем, сахти намудем, бахили намудем- соате, ки мусибату сахтиҳову имтихонҳои паё пай болоямон омад аз кардаи худ пушаймон мегардем. Сазои аъмоли намудаи худро албатта дар ин дунё ва Охират хоҳед дид!
        Худованд ҳар яки моро бо Нури Имон мушарраф созад!